Top.Mail.Ru
Дар Рокет Ворк бо супоришҳо чӣ тавр бояд кард
Кор дар платформа дар доираи муносибатҳои дуҷониба байни фармоишгар ва иҷрокунанда ба амал меояд. Фармоишгар иҷро кардани корро пешниҳод мекунад (Супоришро ҷойгир мекунад), иҷрокунанда ба он розӣ мешавад (Супоришро қабул мекунад).
Дар вобастагӣ аз талаботи фармоишгар, фармоиш мавҷудияти санади иҷроиши корҳоро пешбинӣ карда ё накарда метавонад.
Дастурамал
1
Агар шумо ҳоло дар платформа аз қайд гузашта бошед: «Чӣ тавр дар Рокет Ворк иҷрокунанда шудан мумкин аст».
2.
Ба барномаи Рокет Ворк бо истифода аз рақами телефон, код аз смс ва рамз дароед.
3.
Гирифта шудани супоришро интизор шавед. Ба шумо пуш-огоҳӣ меояд, фармоиш дар қисмати «Навҳо» инъикос мешавад.
4.
Ба корти супориш гузаред ва бо шартҳои кор шинос шавед. Шумо шартномаи пешниҳодгардида ва маълумотҳои фармоишгарро дида метавонед.
5.
Агар ҳамааш ба шумо писанд ояд, ба тугмаи «Қабул кардан» пахш намуда, корро оғоз кунед.
6.
Дар саҳифаи оянда шартномаи электрониро имзо кунед. Барои ин код аз паёмро, ки ба рақами телефони худ мегиред, ворид кунед.
7.
Вақте ки супориш иҷро карда мешавад, ҳолати он ба «Фаъол» тағйир меёбад.
8.
Вақте ки шумо корро иҷро мекунед, инро бо пахшкунии тугмаи «Иҷро гардид» тасдиқ кунед.
9.
Агар супориш санадро пешбинӣ кунад, система шуморо ба саҳифаи нави имзокунӣ равона мекунад.
10.
Бо санад шинос шавед ва онро бо ёрии СМС имзо кунед.
11.
Ҳамаш омода аст. Ҳолати вазифа ба «Дар пардохт» тағйир ёфт.
12.
Вақте ки фармоишгар а ҷонибиъуд иҷроиши корро тасдиқ мекунад, супориш ба пардохт меравад. Ин каме вақтро гирифтанаш мумкин аст.
13.
Баъд аз пардохт шумо пардохтро ба реквизитҳои дар профил нишондодашуда мегиред, супориш бошад, ба ҳолати «Пардохта шуд» мегузарад.
14.
Ҳангоми зарурият шумо расидро боргирӣ карда ва ба матни шартнома баргашта метавонед (аз он ҷумла, боргирӣ ё ки чоп кардани он). Ҳамчунин дидан ё ки боргирӣ кардани сертификатҳои имзоҳои электронӣ, ки бо он шартнома ва санад имзо карда шуда буд.